Санаи 31- декабри соли 2014 идомаи Конференсияи XIV-уми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Ба идомаи Конференсияи 14-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизб 180 нафар вакилон интихоб карда шуда дар кори Конференсия 172 нафар вакилон иштирок доштанд. Ҳамчунин дар Конференсия муовини Раиси ҲХДТ Бобоҷониён Ранохон Маҳмудзода, Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини аввали Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Анвар Ҷалилов, Раиси ҳавзаи интихобтии якмандатӣ Хуҷанд 13 иштирок варзиданд.

Раиси Раёсати Конференсия Наим Маликисломов ба кори Конференсия идома бахшида, қайд намуд, ки санаи 1 марти соли 2015 (якшанбе) рӯзи интихоботи Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ муқаррар карда шудааст ва моддаҳои 30 ва 31 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҳизбҳои сиёсӣ имконият медиҳад, ки 60 рӯз пеш аз интихобот ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаҳои якмандатии интихобот як нафар номзадро пешбарӣ намоянд. Дар ин робита, тибқи моддаи 24 Оинномаи ҲХДТ аъзоёни ҳизб имконият пайдо намуданд, ки номзади худро ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ пешбарӣ намоянд. Раиси Раёсати Конференсия қайд намуд, ки мо бояд номзадеро пешбарӣ намоем, ки аз ҳар ҷиҳат лоиқи ин ном ва мансаби олӣ бошад, сиёсати имрӯзаи Сарвари давлат, Раиси ҲХДТ, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи ҷомеа ва мавқеи Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар байни мамлакатҳои ҷаҳон дарк карда тавонад ва бо сарбаландӣ аз ӯҳдаи иҷрои вазифаҳои худ ва махсусан дар амалӣ намудани Барномаи ҲХДТ баромада тавонад. Бо назардошти чунин хусусиятҳо таклиф карда шуд, ки номзадии Турсунова Гулбаҳор Назирҷоновна ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатӣ Хуҷанд-13 пешбарӣ карда шавад. Барои муаррифии номзад Ҷурабоев Ҷамшед Ҳабибуллоевич – ректори ДДҲБСТ, Бобоева Зеварой – дотсенти ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров ва Бобоҷонова Сабоат директории Маркази занон «Гулрухсор» баромад намуданд. Дар асоси талаботи моддаи 7 ва 31 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» овоздиҳӣ вобаста ба пешбарии номзад ба вакилӣ пинҳонӣ гузаронида шуд. Дар асоси протоколи №2 комиссияи баҳисобгирии Конференсия оид ба пешбарии номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Хуҷанд – 13 чунин қарор қабул гардид. 1. Турсунова Гулбаҳор Назирҷоновна соли таваллудаш 1970 миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, ихтисосаш омӯзгори забон ва адабиёти рус дар мактаби миллӣ, иқтисодиёт ва идоракунии истеҳсолот, декани факултети бизнес ва идоракунии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, аъзои ҲХДТ, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд, кӯчаи У.Ҳайдаров номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатӣ Хуҷанд-13 пешбарӣ карда шавад. 2. аз Турсунова Г.Н. пурсида шавад, ки барои пешбарӣ намудани номзадаш ба вакилии МН МО ҶТ аз ҳавзаи интихоботии Хуҷанд–13 розигӣ диҳад. 3. аз комиссияи ҳавзаи интихоботии Хуҷанд -13 хоҳиш карда шавад, ки номзадии Турсунова Гулбаҳор Назирҷоновнаро ба вакили МН МО ҶТ ба қайд гирад.