Субҳи имрӯз гурӯҳи фаъолзанони ҳизбӣ, бо дастгирии Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади ошноӣ пайдо кардан аз вазъи зиндагӣ, фаъолияти ҳизбӣ, дидан намудан аз ҷойҳои таърихии шаҳри Исфара озими ин шаҳри куҳандиёр гардиданд. Дар назар аст, ки дар ин сафар занон аз минтақаҳои дурдасти деҳаҳои Чоркӯҳ ва Ворух дидан карда, бевосита бо занони деҳот вохӯриву мулоқотҳо атрофи масъалаҳои умдаи занон доир менамоянд. Мақсади асосии ин сафар таблиғи дастовардҳои даврони истиқлол, аз наздик ошноӣ пайдо кардан аз гӯшаҳои ободи диёр, ки маҳсули замони соҳибистиқлолист мебошад.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта низ занони фаъоли шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси роҳбарияти кумиҷроияи шаҳрӣ давоми се рӯз аз ҳаёти сокинони Панҷакенти бостонӣ дидан намуда, оромгоҳи қофиласолори назми оламгир Абӯабдулоҳ Рӯдакиро зиёрат карданд. Ҳамчунин ин гурӯҳ аз мавзеи таърихии Саразм боздид намуда, осорхонаи шаҳр ва ба ҳавлии Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ меҳмон шуданд. Ҳамчунин дар ин сафар гурӯҳи занон аз қисмҳои низомии шавоҳии Шаҳристон ва Панҷакент дидан намуда буданд.