Бо шарофати қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмиллалӣ халқи Тоҷикистонро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар, фарҳангӣ ва масъулиятшинос шинохтанд. Ин санади муқаддас ва тақдирсоз чун чароғи фурӯзон роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар мекунад. Шӯъбаҳои кор бо занону ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 21-солагии қабули Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни «Иншои беҳтарин»-ро байни донишҷӯёни мактабҳои олӣ, коллеҷҳои омӯзгорӣ ва тиббии шаҳр дар мавзӯи «Кишвари биҳиштосоям-Тоҷикистон» эълон дошта буд. Санаи 5 –уми ноябр дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ҷамъбасти ин озмун ва маъракаи супоридани тӯҳфаҳо ба ғолибон баргузор гардид. Донишҷӯи соли дуюми факултаи филологияи тоҷики ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Ҳошимӣ Фарзона сазовори ҷои аввал, донишҷӯи курси 1 ихтисоси кори бонкӣ факултаи молияи ДДҲБСТ Ҳайдарова Меҳрафрӯз ва донишҷӯи курси 2 ихтисоси таърихи Коллеҷи омӯзгорӣ Раҳмонова Нилуфар сазовори ҷои дуюм, донишҷӯи курси 1 ДПДТТ Пиров Зиёратшоҳ сазовори ҷои сеюм дониста шуданд. Раиси кумиҷроия Наим Маликисломов ба ғолибони ҷойҳои аввал-200 сомонӣ, дуюм ба ҳар кадоме-150сомонӣ ва сеюм-100 сомонӣ тақдим намуд. Ҳамчунин иншои донишҷӯён-Хосияти Шаҳобиддин аз ДДХ ва Ҷӯрабек Қоситов аз ДДҲБСТ дар қатори беҳтаринҳо ҳисобида шуда, ин донишҷӯён бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Шарҳ додан
-
Сафи аъзоёни ХХДТ зиёд мешавад2014-09-22 4558
-
Танзими анъана ва чашну маросимхо2017-07-25 4429
-
Забони тоҷикӣ- забони шеър ва забони муҳаббат аст2016-10-10 3010
-
Боздид аз ташкилотҳои ибтидоӣ2014-09-11 2992
-
Вохӯрӣ дар МТМУ №122016-04-21 2167
-
РИСОЛАТИ ҲИЗБӢ – ТАЛҚИНИ ДАСТОВАРДҲОИ МИЛЛӢ2021-01-20 2
-
ФАЪОЛИЯТ ПУРСАМАР МЕГАРДАД АГАР ...2021-01-20 0
-
Мулоқоти вакили вилоятӣ бо интихобкунандагон2021-01-19 1
-
ТАВОНОИИ МИЛЛАТ АЗ САТҲИ ДОНИШУ МАЪРИФАТ ВОБАСТА АСТ2021-01-16 2
-
АХБОР.КОМНЕВУ БАЛКИ!2020-04-24 194
-
Меҳрубонӣ ва шафқат рисолати инсонист2020-02-26 235
-
БА ДАВЛАТУ МИЛЛАТ БОЯД СОДИҚ БОШЕМ!2018-06-07 497
-
Хизмат ба Ватан – хизмат ба Модар2019-10-03 374
-
ҚАБУЛИ САД НАФАР АЪЗОИ НАВ БА САФИ ҲИЗБ2019-06-26 395
Меҳмонон