Амалӣ сохтани Барномаи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва ноил гардидан ба иҷрои Ҳадафҳои рушди ҳазорсола яке аз бахшҳои таркибии сиёсати иҷтимоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро фарогир буда, масъалаи мазкур дар сархати сиёсати ҳизб қарор дорад.

Имрӯз аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд сокини маҳаллаи Темурмалики шаҳр Раҳбар Юлдошева, ки маъюб мебошад, аёдат карда шуда ба ӯ маводҳои хӯрока ва маблағи пулӣ дастрас гардид.