Бахшида ба таҷлили 78-умин солгарди ғалаба бар зидди фашизм бо ҷалби аъзоёни Ҳизби Халқии Демокртаии Тоҷикистон ва аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар шаҳри Хуҷанд шанбегии умумӣ баргузор гардид.

Дар шанбегии мазкур иштирокдорони ҳудуди ташкилоту корхонаҳо ва кӯчаҳои шаҳрро аз партовҳо тоза карда, баҳри ободии маҳалл саҳми худро гузоштанд.

Масъулин мақсади чунин ҳашарҳои умумиро барои ободии кишвар ва тоза нигоҳ доштани атроф ва муҳити зист муҳим арзёбӣ карда, иброз медоранд, ки ин метавонад дар тарбияи ватандӯстиву меҳанпарастии ҷавонон нақши муҳим гузорад.