Бо мақсади тақвияти фаъолияти кории ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар шаҳри Хуҷанд кормандони масъули кумиҷроияи шаҳрӣ ҷиҳати тақвият додани корҳои дохилиҳизбӣ, бартараф намудани камбудиву норасогиҳо ҳафтаи сипаришуда аз рафти  фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии “Ҳофизи Шерозӣ”, Хонаи кӯдакон”, “Бойгонӣ”,  “Сохтмон”, “Садриддин Айнӣ”, “ Сохтмон” ва “Ориён”дидан намуда, барои тақвияти фаъолияти минбаъда дастурҳо пешниҳод намуданд.

Мақсад аз ин  корҳои тақвиятӣ пешрафти фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ, вусъати корҳои дохилиҳизбӣ, ба низом даровардани ҳуҷҷатгузорӣ ва баланд бардоштани нуфузи ҳизб дар ҷомеа мебошад.