Аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳу-рии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” пазируфта шуда аз ҷониби 193 кишварҳои олам дастгирӣ гардид. Бахшида ба ин воқеаи муҳими таърихӣ ва эълон гаштани соли 2017 чун соли ҷавонон имрӯз,- санаи 26 декабр дар майдони «Ситораҳои «Хуҷанд» бо иштироки бештар аз 2 ҳазор нафар ҷавонону наврасони маркази вилоят Аксия таҳти унвони “Мо ҷавонон аз ташаббуси Пешвои миллат ифтихор дорем!” доир гашт. Чорабиниро бо сухани  ифтитоҳӣ мудири Бахши ҷавонон, варзиш, сайёҳӣ Бахтиёр Исматҷонов оғоз намуда зикр намуд, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва эълон гаштани соли 2017 соли ҷавонон, ҳамчунин пазируфта шудани “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид байни ҷавонони шаҳр ҳамовозӣ ҳамаҷонибаро пайдо намуд.

Ҳамаи мо шоҳид ҳастем, ки иқдому ташаббусҳои саривақтӣ наҷиби сарвари давлатамон ҳамеша баҳри шукуфоии ватани азизамон, боло бурдани эътибору манзалати Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлоламон дар арсаи байналмиллалӣ мусоидат менамояд.
Мо имрӯз бо боварии комил гуфта метавонем, ки мо ҷавонон низ имрӯз ва минбаъда барои амалӣ гаштани тамоми дастуру ҳидоятҳои сарвари кишвар, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон саю кӯшиш намуда, дар рушду тараққиёти самтҳои мухталифи хоҷагии халқ саҳми арзандаи худро мегузорем.»

Ҳамчунин дар ҳозирон намояндаи Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят Мадина Ҳомидова ва ҷавонони фаъоли шаҳр Исматҷон Ҷумъаев, донишҷӯи Донишогоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров Шоира Олимова, раиси Иттифоқи ҷавонони Донишгоҳи давлатии ҳукук бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Ҷумъабой Исомаддинов баромад намуда, доири аҳамияти ин ташаббуси таърихии сарвари давлат ва таъсири мусбии он ба эътибори мақоми кишвари соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналхалқӣ, таъкид намуданд.

Аз ҷониби гурӯҳи волонтёрони назди Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд варақаҳоро бо номаи табрикотии Дабири кулли СММ ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон байни иштирокдорони аксия ва дар мавзеҳои серодами шаҳр паҳн карда шуд.

Дар интиҳои аксия аз ҷониби ҳунармандони ҳаваскори ва истеъдодҳои ҷавони Донишгоҳи Давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров барномаи консертӣ намоиш дода шуд.