Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд кормандони кумиҷроияи вилоятӣ ва шаҳри Хуҷанд ҷиҳати кӯмак ба кишоварзон дар маъракаи пахтачинӣ ва ҷамъоварии ҳосили “тиллои сафед”   иштирок намуданд.

Ин иқдом бо мақсади сифатнок ҷамъбаст намудани мавсими пахтачинӣ роҳандозӣ шуда, дар доираи он ҳизбиёни шаҳру навоҳии вилоят бо истифода аз боду ҳавои мусоид дар маъракаи ғунучини “тиллои сафед” фаъолона иштирок доранд.

Шоистаи таъкид аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷиҳати саривақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани пахта тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, рушди соҳаи кишоварзӣ ва саноатикунонии кишвар, ки аз ҳадафҳои олии кишвар маҳсуб меёбад, меҳвару ҷавҳари фаъолияти ин ниҳоди тавонои сиёсиро ташкил медиҳад.

Масъулини Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо назардошти аҳамият ва нақши пахта дар истеҳсоли маҳсулоти гуногун ва таъмини зиндагии шоистаи мардум ҷиҳати вусъат додани маъракаи пахтачинӣ иқдомҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Дар охир ба чинакчиёни беҳтарин сипоснома ва тӯҳфаҳо супорида шуд.