Бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёну шоистаи собиқадорони меҳнат рӯзи гузашта Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар ба хонаи собиқадори меҳнат Шариф Шодиев ташриф оварда, аз ҳолу аҳволи ин марди рӯзгордида пурсон шуд ва ба аёдатшаванда тӯҳфаҳои Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизбро тақдим намуд.

Зимни суҳбат Шариф Шодиев аз рӯзгори сипарикардааш дар ҷодаи фаъолияти меҳнатӣ дар мақомоти маҳаллӣ нақлҳои ҷолиб кард. Ҳамчунин, аз омадани аёдаткунандагон изҳори минатдорӣ намуда, ифтихор кард, ки меҳнату заҳматаш аз ҷониби давлату Ҳукумат қадрдонӣ мешавад.