Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришоти Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба фаҳмондадиҳии қарори нави будубоши муҳоҷирони корӣ дар қаламрави Россия дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд санаи 13 апрел дар кумитаи маҳаллаи «Масҷиди Савр»-и шаҳри Хуҷанд бо сокинони маҳалла вохӯрӣ баргузор гашт.

 Дар вохӯрӣ мудири шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маҳмадсалим Ҳаитов баромад намуда, зикр дошт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи феврали соли 2017 ҳангоми вохўрӣ бо Президенти Федератсияи Россия Ҷаноби Владимир Путин масъалаи расмикунонии будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро арзёбӣ намуданд, ки он мавриди амал  қарор  гирифт.

 Тибқи қарори Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар муҳлати як моҳ, аз санаи 25 март то 24 апрели соли 2017 дар тамоми қаламрави Федератсияи Россия барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати расмикунонии  иқомат тавассути бақайдгузорӣ дар мақомоти муҳоҷират ва тамдиди муҳлати будубош имконият дода мешавад.

Сипас, мутахассиси шӯъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Хуҷанд Ганҷина Нурова оид ба бандҳои 4 ва 8 моддаи 26 Қонуни Федератсияи Россия таҳти рақами 114 «Оид ба тартиби воридшавӣ ба Федератсияи Россия ва хориҷшавӣ аз Федератсияи Россия» маълумот дод.

Муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси бандҳои 4 ва 8 моддаи 26 Қонуни Федератсияи Россия таҳти рақами 114 «Оид ба тартиби воридшавӣ ба Федератсияи Россия ва хориҷшавӣ аз Федератсияи Россия» воридшавиашон ба Федератсияи Россия манъ гардидааст ва айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, дар ин муддат иҷозати дубора воридшавиро ба Федератсияи Россия пайдо менамоянд.

Дар охир саволу ҷавоб барпо гашт.