Интихобот дар ҳар кишвар аз ҷумла Тоҷикистон маъракаи муҳими сиёсӣ буда, дар рушду ободии фардои мамлакат нақши муҳим мебозад.Ҷумҳуриии Тоҷикистон рўзҳои охир дар арафаи навбатии интихобот қарор дорад.Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд барои ояндаи неку дурахшони Ватани азизамон Тоҷикистон дар ин маъракаимуҳимфаъолонаширкатнамуда,роҳиояндаинеки худромуайяннамоем.Интихоботяке азмеъёрҳои асосиемебошад,ки ба воситаиоништирокишаҳрвандондарташаккули ҳокимиятидавлатӣтаъминкардамешавад. Сарчашмаи асосие, ки имрўз озодӣ ва баробарҳуқуқии ҳамаи шаҳрвандонро таъмин менамояд ин интихобот мебошад.Инчунин дар амал татбиқ намудани ҳуқуқи сиёсии ҳамаи шаҳрвандон дар интихобот таҷассум меёбад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзҳои наздик баргузор намудани интихоботи навбатиро барои мансабиПризидент эълон намудааст.Бинобар ин ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надода, тарафдорисулҳу суббот буда, дар ҳама ҳолат дастёру дастгири якдигар бошем. Мо бояд сиёсати хирадмандонаи Призиденти кишварро дастгирӣ намуда, барои пешрафти зиндагии шоистаи худ ва миллатамон нақши босазо гузорем. Инчунин саҳмгузор дар рушди ҷомеаи мутамаддин миллату давлати хешро дўст дорем ва барои пешрафту гул-гулшукуфии он камари ҳиммат бандем. Шахсан ман овози худро дар интихоботи навбати ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медиҳам. Зеро Призиденти кишвар ифтихору шараф ва масъулиятшиносӣ бузург дар назди миллат шинохта шудааст. Маврид ба ёдоварист, ки дар шароити имрўза итихоботи призидентӣ аз ҳар вақт дида бештар ҳасосунозукварўзафзунгардидааствабоиситаассуфҳаст,кификруақидаибаъзеаз шахсиятҳои манфиатҷўйбаҳриамалӣнамудани ҳадафҳои ғаразноки худ мардумро мехоҳанд сарсонусаргардон намоянд. Ин падидаҳои номатлуб ҳар як фарди миллатро ором гузошта наметавонад. Махсусан имрўз ҷавонон бояд дониши сиёсии худро бой гардонида, ин маракаи муҳими сиёсӣ тақдири миллатро муайян менамояд мавқеи назарраси худро нишон диҳанд. Худшиносии миллӣ, мутаҳҳидӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллии меҳан, гиромӣ доштани обу хоки кишвар ва фазои фарҳангии миллати тоҷик бояд рисолати асосии ҳар яки мо бошад. Мо бояд ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интихоботи навбатӣ овози худро ба ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диҳем. Зеро он хизматҳое, ки ин шахси адолатпарвар барои халқи худ кардаанд ногуфтанӣ аст. Он сазовори обрўи баланд ва шахсияти сиёсӣ нафақат дар Тоҷикистон балки дар ҷаҳон ҳастанд. Авторитети сарвари кишвар дар сиёсати ҷаҳонӣ нақши бағоят муҳимро мебозад.Бузургтарин дастоварди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бевосита барқарор намудани ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон мебошад.Призиденти кишвар тавассути таъмини сулҳ ва ваҳдати миллии тоҷикон барои гузаштан ба марҳилаи барқарор сохтани иқтисодиёт ва оғоз намудани корҳои созандагию бунёдкорӣ саҳми боэътимод гузоштаанд. Имрўз Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро беш аз 150 давлати дунё ба расмият шинохтааст. Бо шарофати ин абармарди миллат Тоҷикистон соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардид. Маҳз ҷонфидоиҳои ин фидоии миллат буд, ки таърихи давлатдории чандинасраи ниёгонамон, ки дар зери чангу ғубори тохту този аҷнабиён қарор дошт дубора эҳё гардида ному забони ин миллат дар бонуфузтарин созмонҳои байналмилалӣ вирди забонҳо гардид. Ҳушдор ба ҷомеаи муосири Тоҷикистон медиҳам, ки барои ояндаинаслҳои ин миллат дар интихоби худ дурандешӣ ва заковат пеша намоянд.

 

Абдуҷабборова Роҳат Абдувоҳидовна

 аъзои ҲХДТ дар шҳри Хуҷанд