Муҳтарам наслҳои ояндасози кишвар!
Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи ҷавонон, ки мо ин санаи муҳимро ҳар сол дар фазои идона ва бо орзуву ниятҳои неки созанда истиқбол мегирем, самимона табрик мегӯем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои хеш баён дошта буданд: “Ҷавонон қувваи бузург, нерӯи созанда ва ояндаи миллатанд”. Воқеан ҳам ҷавонон имрӯз насли хушбахтанд, ки дар сатҳи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барояшон имкониятҳои фарох баҳри вусъати донишандӯзӣ, тақвиятии маҳорат ва истеъдод муҳайё шудааст.
Масъалаи ҷавонон ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҳамеша дар маркази фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор дошта, ин ташкилоти муқтадир ба ҷавонон ҳамчун ба нерӯи ояндаи давлати соҳибистиқлол эътимод дошта, ба хотири аз байн бурдани мушкилоти онҳо чораҳои мушаххас меандешад. Махсусан, барои паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, дастрасӣ ба таҳсилот, ҷалби ҷавонон барои фаъолият дар сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла дар вазифаҳои масъули роҳбарӣ, инчунин дар мақомоти намояндагӣ ва бо ҳамин роҳ ташаккул додани қобилияти сарварӣ дар миёни онҳо чораҳои муассирро амалӣ мегардонад.
Имрӯз дар сафҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд зиёда аз 12 ҳазор ҷавонони саодатманд фаъолият намуда, онҳо бо аъзошавӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар ободонию шукуфоии диёр саҳми мондагор доранд.
Дар ин рӯзҳои мушкилафзо, ки ҷомеаи моро бемории сироятии коронавирус фаро гирифтааст, ҷавонон дар сафи пеши тарғибу ташвиқ қарор дошта, бо баргузории аксияи “Худ ва дигаронро аз бемории сироятии коронавирус эмин медорем” барои беҳдоштии солимии ҷомеа кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.
Кумитаи иҷроия ҳамеша ҷавононро дастгир ва мададгор буда, ҳамасола бо тақдими идорорпулии яквақта, баргузории озмунҳои гуногун сазовор қадршиносӣ менамояд. Ҳамзамон дар остонаи ҷашни моҳи шарифи Рамазон ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон аз ҷониби кумиҷроия 44 нафар ҷавонони имконияташон маҳдуд аёдат ва кӯмаки яквақтаинаи моддӣ расонида шуд.
Дар охир бори дигар, ҳамаи ҷавонони шаҳр – насли умеду орзуи фардои Ватанро ба муносибати Рӯзи ҷавонон табрик гуфта, барояшон саломатӣ ва дар корҳои ободониву созандагии Ватани азизамон – Тоҷикистон пирӯзиҳои тоза орзу менамоем.