Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омили муҳими мусоидаткунандаи рушди ҷомеа ва рӯйдоди сарнавиштсоз маҳсуб ёфта, дар назди кишрҳои ҷомеа вазифаҳои умдаи ҳалталаб мегузорад, ки иҷрои онҳо рушду тавсеаи кишвари моро дар соли равон ва ояндаи наздик таъмин менамояд. Ин матлаб дар ҷамъомаде, ки  бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар дар КДК «Нақлиёти мусофиркашони шаҳри Хуҷанд» баргузор шуд баён гардид.

Раиси кумиҷроия самтҳои асосии Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олиро шарҳ дода, зикр намуд, ки дар марҳилаи ҳозираи таърихӣ арзишҳои миллӣ  аҳамияти махсус пайдо намудаанд. Тарбияи ҷавонони мамлакат дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ, худшиносӣ, меҳнатдӯстӣ, омӯзиши илм ва касбу ҳунарҳои муосир, истифодаи самараноки  иқтидори зеҳнӣ ва маънавии онҳо ба манфиати ҷомеа буда, масъалаҳои муҳимтарини ҷомеа маҳсуб меёбанд.

Ҳамчунин, Раиси кумитаи иҷроияи шаҳрӣ доир ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва ҳадафҳои барномавии ҲХДТ сухан ронда, баён дошт, ки мардумро ба ҳамкории сиёсӣ даъват кардан, онҳоро ба кори давлатдорӣ ҷалб намудан, дар роҳи сулҳу субот, созандагиву ободкорӣ баҳри зиндагии шоиста рохнамоӣ намудан рисолати аслӣ ва ҳадафи ҷонии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба шумор меояд, ки ин масъулият аз рӯзҳои нахустини ҷараёни мушкилу пурихтилофи  сулҳи миёни тоҷикон оғоз гардидаву имрӯз чун як давлати том, озоду обод, демокративу ҳуқуқбунёд назару андешаи аксарияти мардумро ифода намуда, барои амалӣ сохтани мақсадҳои наҷибу созанда талош меварзад.

Дар охир барои дохил шудани кормандони КДК «Нақлиёти мусофиркашони шаҳри Хуҷанд» ба сафи ҲХДТ даъват ба амал оварда шуд.