(Гузориш аз рафти ҷаласаи кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд)

Субҳи имрӯз дар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд маҷлиси аъзоёни Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд доир гардид. Раиси кумиҷроия Маликисломӣ Наим Мунаввар ҳозиринро бо рӯзномаи кори ҷаласа ошно намуд.

Аз рӯи масъалаи якуми кори рӯзнома ҳозирин ҳисоботи раиси кумиҷроияро вобаста ба фаъолияти шашмоҳаи кори кумиҷроия шуниданд. Маликисломӣ Наим Мунаввар асосан дар бораи ҳаракати аъзоён, пардохти аъзоҳаққӣ, масъулият дар самти низоми ҳуҷҷатгузорӣ, омодагии кумиҷроияҳои ибтидоӣ ва ташкилотҳои ибтидоӣ ба ҷашнҳои 26- солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ, андешидани чораҳо ба тайёрии соли нави хониш, дастгирии аксияи «Нури ирфон», оҷилан расонидани иттилооти воқеӣ байни мардум, вокуниши саривақтӣ ба ҳар гуна овозаву, матолиби ғаразнок, ба омма расонидани моҳияти асоси тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими расму оинҳо», фаъолияти босамари маҳфили «Рози бону»  сухан намуд.

Оид ба натиҷаҳои рафти чорабиниҳо дар самти сиёсати гендерӣ ва таҳкими оила дар доираи эълон шудани соли 2017- Соли ҷавонон мудири шуъбаи кор бо занони кумиҷроия Зеварой Бобоева гузориши муфассал дод. Қайд шуд, ки кумиҷроия ба хотири дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», роҳандозӣ шудани чандин барномаҳо вобаста ба ҳаёти занон миёни аъзоён корҳои хуберо ба сомон доданд. Махсусан таъсиси гурӯҳи «Муросо», ки ба он занони фаъол, коршиносони соҳа, равоншиносон шомиланд дар побарҷо шудани чандин оилаҳо муосидат намуд. Рӯи кор омадани чандин аксияҳо, баргузории вохӯриву мулоқотҳо дар муассисаҳои олӣ ва миёнаи махсус таҳти унвони «»Аз хушунат то муҳаббат як қадам», «Хушунати хонаводагӣ хатарест ба ҷамъият» «Ҳафтаи бехушунат» аз тадбирҳоест, ки дар ин ҷода рӯи кор омаданд.

Дар идомаи кори ҷаласа раиси кумиҷроия аз муҳимияти қабули обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ сухан ронда нақши васоити ахбори омма, хосса нашрияҳои ҳизбиро дар баланд бардоштани маърифат ва ҷаҳонбинии сокинон нек арзёбӣ намуд.

Ҷаласа бо тасдиқи нақшаи корӣ барои нимсолаи дуюм, тасдиқи як қатор қарорҳои кумиҷроия ба кори худ хотима бахшид.