Ҳамасола санаи 1-июн дар тамоми олам Рўзи байналмилалии кўдакон мутантан таҷлил карда мешавад. Таҷлили ин ҷашн ба хотире роҳандозӣ гардидааст, ки насли калонсол таваҷҷўҳи бештар ба кўдакон ва тақдири ояндаҳои онҳо дошта бошанд. Бо арзи қаноатмандӣ метавон изҳор дошт, ки хушбахтарин кўдакон дар кишвари офтобрўяи мо зиндагӣ доранд. Зеро шурўъ аз Асогузори  сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то мардуми оддӣ нисбати ояндаи кўдакон бефарқ нестанд. Тавассути сиёсати ояндабинонаи Сарвари давлат танҳо дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат беш аз 1000 дабистонҳо, муассисаҳои таълимии президентиву кўдакистонҳо сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Гузашта аз ин Президенти мамлакат зимни сафарҳои кории худ ба ин ё он минтақа ҳатман аз ҷараёни таълиму тарбияи толибмон дидан намуда, зимни пурсиш арзи дили толибилмонро мешунаванд. Сўҳбатҳои гарму самимӣ роҳнамои миллат аз он дарак медиҳад, ки Президент кўдаконро бо самимият дўст медоранд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ дар фаъолияти худ дастгири ятимону камбизоатонро дар мадди аввал гузошта, мекўшад бо баргузории чорабиниҳои мухталиф каме бошад ҳам, дар ин ҷода кўмакрасон бошад.

Метавон гуфт, ки дар иҷрои ин гуна амалҳои хайр кумиҷроияи шаҳрӣ ҳамеша масъулиятро ҳис намуда, то метавонад бо халқ, хосса кўдакону наврасон наздиктар бошад. Дар остонаи Рўзи байналмилалии кўдакон сари хони густурда ҷамъ кардани кўдакони ятим ба ҳукми анъана даромада, имсол низ ин анъана идома ёфт. Зиёда аз 25 нафар кўдакон ва наврасон бо ҳамроҳии устодонашон имрўз низ дар кумиҷроияи шаҳрӣ сарҷамъ омада, ин ҷашнро бо ҳамроҳии кормандони кумиҷроия таҷлил намуданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар кўдакону наврасонро бо ҷашни байналмилалии кўдакон табрик намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки давлату ҳукумати кишвар ва Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон ҳамеша дар симои кўдакону наврасон ояндаи пурсаодати миллатро мебинанд. Ба хотири беҳдошти вазъи иҷтимоӣ, таълиму тарбияи онҳо пайваста ғамхориҳо зоҳир менамоянд. Баргузории чунин чорабиниҳо аз дастуру ҳидоятҳои Раиси ҳизб,  Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашама мегиранд.

Сипас, кўдакону наврасон шеъру сурудхонӣ намуда дар ҳавои мусиқӣ рақсидану бозиданд. Аз ҷеҳраҳои шукуфони кўдакону наврасон маълум буд, ки онҳо ба ояндаи дурахшони худ боварии комил доранд.

Дар охир аз ҷониби кумиҷроияи шаҳрӣ ба кўдакону наврасон тўҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.