Дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, имрӯзҳо дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳрӣ, маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардида истодааст. Чунин маҷлис дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Зафар" баргузор карда шуд.  Дар маҷлис котиби ташкилоти ибтидоӣ ва аъзоёни ташкилоти ибтидоии мазкур  иштирок  доштанд.

Маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоии  "Зафар" Исматова Кимё  оғоз намуда, оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ва вазифаҳо барои давраи оянда дар назди ҳозирин ҳисобот дод.
Номбурда доир ба корҳои анҷомдода дар самти фаъолияти ҳизбӣ суханронӣ карда қайд намуд, ки сокинон  ҳама сарҷамъона меҳнат намуда бо шукргузорӣ аз Истиқлолияту Ваҳдати миллӣ дар фазои сулҳу субот умр ба сар бурда истодаанд.
Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис қайд карда шуд, ки чи тавре ба ҳамаи мову шумо маълум аст соли 2024, 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Доир ба масъалаи мазкур моро лозим аст, ки Қарори Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 25 майи соли 2023 "Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон" ба роҳбарӣ гирифта давоми соли 2023 ва то ноябри соли 2024 бахшида ба ин санаи муҳим мизҳои мудаввар, чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ва аксияҳои ҳизбиро баргузор намоем.
Ҳамчунин дигар масъалаҳои рӯзномаи маҷлис мавриди баррасӣ қарор дода шуда вобаста ба рафти иҷрои ин масъалаҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.