Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ҳифзи саломатӣ ва нигоҳубини ятимону маъюбон ва пиронсолону бепарасторон мунтазам ғамхорӣ зоҳир менамояд. Имрӯз аз субҳи содиқ дар арафаи Рӯзи Модар табрикоти модарону занону бонувон аз ҷониби   КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд якҷоя бо кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд бо маром идома дорад. Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд  Исмоилзода Зуфар Муртазохон дар ҳамкорӣ бо директори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан ба аёдати модари ҳалим рафта, аз ҳоли модари яккаву танҳо хабар гирифтаанд.  Дар сӯҳбати самимӣ Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон  иброз намуд, ки модарон ҳамеша дар меҳвари сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. аъзоёни  ТҶҶ “Созандагони Ватан”  дар шаҳри Хуҷанд хонаи модари ҳалимро рӯбучин намуда, ба модар кӯмак намуданд.  Модари ҳалим аз ин ташаббуси хайрхоҳона хурсанд гардида, миннатдории хешро ба Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба ташаббускорони ин иқдоми самимона баён намуд.