Санаи 4 апрели соли 2019 дар асоси нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мудири шӯъбаи кор бо  ҷавонон Ҳусейнхон Охунҷонов ҷиҳати таблиғи арзишҳои ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ташвиқу тарғиби дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, фаҳмонидани ғояҳои созандаи ҳизб, омӯзиши фаъолияти корӣ ба ташкилотҳои ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар «Беморхонаи Саратоншиносї» ва «Беморхонаи Эндокринологӣ» ташриф оварда, ҳамчунин раванди қабул ба сафи ҳизб, омўзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷроиши нақшаи кории Комиссияи кор бо ҷавонон ва фаъолияти он, низоми ҳуҷҷатгузорӣ, баргузории ҷаласаҳои ҳизбиро мавриди омӯзиш қарор дод.