Яке аз масъалае, ки асоси фаъолияти Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» -и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба ҳисоб меравад, ин амалӣ намудани ҳадафҳои барномавии ҲХДТ мебошад ва дар ин самт дар арафаи ҳамаи санаҳои ҷашнӣ аёдати ҷавонони ятимону маъюбон ба роҳ монда шудааст.
Имрӯз бо дастгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» якчанд нафар ҳамсолони худро, ки бо амри тақдир маъюб гардидаанд, аёдат намуда, ба онҳо маводҳои хӯрока ва тӯҳфаҳо дастрас намуданд.
Ҷавонони имконияташон маҳдуд шукронаи тинҷиву амонӣ намуда, миннатдории хешро ба роҳбарияти ҳизб расониданд.