Санаи 24 январи  соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи Беморхонаи клиникавии шаҳрии №2-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки аъзои гурӯҳи тарѓиботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Абдумавлон Азимов оид ба  фаҳмонидани муҳтавои  Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии  Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, ки санаи 23 декабри соли 2022 ироа гардида буд, вохӯрӣ доир гардид.

Аз ҷумла қайд гардид, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар барномаи мукаммали фаъолият нафақат барои як соли оянда балки барои даҳсолаҳои минбаъда низ маҳсуб меёбад.

Паёми навбатӣ давоми мантиқии Паёми солҳои пешин буда, фарогири ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият ва самтҳои асосии сиёсати минбаъда дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқамон мебошад. Паёми навбатӣ ҳамчун санади муҳими барномавӣ ифода шуда, сармашқи кори тамоми халқи мамлакат арзёбӣ мегардад. Яқинан Паём муҳимитарин барномаи дорои хусусияти созанда ва ватандӯстиву ватанпарастӣ буда, оғози ҳамагуна фаъолияти бунёдкорӣ дар он ифода мешавад.