Ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроия дар давраи семоҳаи аввал, омузиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ, натиҷабардорӣ аз ҷамъбасти интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, тасдиқи фармоишҳои раиси Кумиҷроия дар давраи ҳисоботӣ, тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоӣ оид ба қабули аъзо ба сафи ҲХДТ, ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии вируси сироятӣ,  даъвати баҳоронаи ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оғози маъракаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ ва вазифагузориҳо дар ин самт аз масъалаҳое буданд, ки дар ҷаласаи навбатии Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Раиси кумиҷроия Маликисломӣ Наим Мунаввар чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, зикр намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ шумораи аъзо ба 18 ҳазору 8 нафар расида, диққати асосӣ ба танзими ҳаракати аъзо ва ба қабули сифатиИ он дода шуд. Гуфта шуд, ки ҳизбиён роҳнамои мардум дар ҳама ҷабҳа бошанд, камбудиҳои ҷомеаро дар асоси далелу рақамҳо то ба мақомотҳои болоӣ бурда расонанд, барои баланд бардоштани мафкураи сиёсӣ саҳмгузору дар ҳалли мушкилии сокинон кӯмакрасон бошанд.  Дар ин росто дастуру ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми навбатиашон  бармеояд, сармашқи фаъолият бошад. Таҳлилҳои чуқури соҳаҳо бо ҷалби олимону коршиносон дар ҳамаи ташкилотҳо ба роҳ монда шуда, ҳар як нуктаи Паём дар амал татбиқи худро бояд ёбад.

Раиси кумиҷроия маъракаи сиёсии интихоботро ба риштаи таҳлил кашида, баён дошт, ки аксари номзадҳои пешбарикардаи ҲХДТ тавассути конференсия, ки бештарини онҳоро шахсиятҳои варзида, ҷавонону бонувон ташкил медиҳанд, дар интихобот  ғолиб омаданд. Акнун масъулони кумиҷроия, аъзоёни Раёсатро мебояд, ки бо вакилон корбариро дуруст ба роҳ монда, дар ҳалли мушкиливу муаммоҳои сокинон мусоидат намоянд.

  Дар масъалаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби аъзоёни кумиҷроия таклиф шуд, ки барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани раванди даъват бояд аз давраи мактабӣ ҷавонро омода намоем. Аз нав эҳё кардани машқу тамрини 14 рӯза бо иштироки хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, баргузории рӯзҳои дарҳои кушод, тақвияти омӯзиши фанни дифои ҳарбӣ, ҷалби офитсерони дар нафақа буда ба таълиму тарбия ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бар манфиати кор аст.

Дар мавриди бемории сироятии коронавирус зикр шуд, ки афзудани ин беморӣ дар сар то сари ҷаҳон аҳолиро ба таҳлука даровардааст. Бояд гуфт, ки саломатии  мо  дар  дасти  худи  мост, барои  ин  пеш  аз  ҳама  ба  қоидаҳои  беҳдошти  оила, пӯшидани  ниқобҳои  тиббӣ, шустани  дастон  бо  собун аҳамияти бештар дода шавад.

         Ба мудирони шуъбаҳои кор бо ҷавонон, занон, ташкилӣ ва аъзоёни Раёсат дастур дода шуд, ки бо муассисаҳои олии вилоят корбарӣ намуда, донишҷӯёни хоҳишмандро ба сафи Артиши мииллӣ ҷалб намоянд.

         Бо қабули қарорҳои дахлдор чорабинӣ хотима пазируфт.

 a