Пахта боигарии асосии кишварамон маҳсуб шуда, солҳои охир ҷиҳати афзун намудани истеҳсолоти он аз ҷониби давлат ва Ҳукумати кишвар ба соҳа таваҷҷуҳи бештар дода мешавад. Таъсиси хоҷагиҳои деҳқонӣ имкон фароҳам овард, ки замин соҳиби аслии худро пайдо намояд. Маҳз чунин тадбир кишоварзонро ба замин дубора дилгарм намуд. Ҳоло дар саҳро ҳосил фаровон аст ва бо истифода аз ҳавои мусоиди офтобии тирамоҳӣ саҳмдорнон мекӯшанд, ҳосили бо арақи ҷабин рӯёнидаи худро сари вақт ва беталаф ғунучин кунанд.

Бо назардошти ҳамин омил бо дарки масъулият субҳи рӯзи шанбе санаи 26 октябр бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо сарварии раиси Кумиҷроия Маликисломӣ Наим Мунаввар зиёда аз 50 нафар бонувону ҷавонони фаъоли ҳизб бо мақсади кӯмак ба марди деҳқон дар ғунучини пахта озими хоҷагии деҳқонии «Раҳмон Набиев»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шуданд. Онҳо ғайратмандона паҳлӯ ба паҳлӯи саҳмдорон истода дар афзуннамои хирмани пахта кӯмак намуданд. Дар вақти нисфирӯзӣ бо деҳқонон суҳбати гарму самимӣ ороста хотир онҳоро шод намуданд.