Дар шуъбаи Хадамоти давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ дар вилояти Суғд маҷлиси умумии ҳизбӣ доир гардида, ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуд.

Дар кори маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар маҷлис се масъала барраси гардид:

1.Таъсиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ

2.Интихоби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ

  1. Интихоби муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ

Сараввал, маҷлисро сардори  шуъбаи Хадамоти давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ дар вилояти Суғд Одиназода Яҳё  Ортиқ ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо рӯзномаи маҷлис ва раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд шинос намуд.

Сипас, аз рӯи масъалаи якум Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Исматҷонов Бахтиёр Ҳусейнович баромад намуда, иброз намуд, ки мутобиқи банди 4.2-и Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳолати дар як корхона ва ё муассиса мавҷуд будани панҷ ва зиёда аз он аъзоёни ҳизб дар он корхона таъсис додани ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ мумкин аст. Таъсис додани як ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар шаҳри Хуҷанд ин ҳамчун як дастгирии кормандон аз сиёсати пешгирифтаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон,  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Бо ин мақсад дар муассисаи болозикр ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода, бо пешниҳоди аъзоёни ҳизб “Ависенна” номгузори карда шуд.

Аз рӯи масъалаҳои дуюм ва сеюм кормандон бо пешниҳодҳои худ  Одиназода Яҳё  Ортиқро раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва Домуллоҷонова Биҳафиза Абдураҳимовнаро муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб намуданд.

Дар охир ба як қатор кормандон, ки ба аъзогии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайвастанд шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тантанавор супорида шуд.