Дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд доир ба қабулгоҳи ҷамъиятии шаҳрвандон ҳар ҳафта рӯзи шанбе дар кумиҷроия бо иштироки аъзоёни кумиҷроия, фаъолон ва вакилони халқ рӯзи қабули шаҳрвандон баргузор мегардад. Санаи 13-уми июл низ бо иштироки муовини Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд  ва кормандон қабулгоҳи ҷамъиятӣ доир гардид, ки дар он як нафар шаҳрванд муроҷиат намуд. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд муроҷиати шаҳрвандонро ба инобат гирифта, оид ба ҳали мушкилоташон чораҷӯӣ менамояд.