Бо иштироки аъзои Шӯрои собиқадорон ва фаъолони ҳизб  дар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ҷалсаи ҳисоботӣ доир гардид. Дар кори ҷалса раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар вилояти Суғд Саидбой Зокиров ва раиси кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Маликисломӣ Наим Мунаввар ширкат доштанд.

Раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Абдуҳаким Шарифов зимни  баромад таъкид дошт, ки новобаста аз таъсири бемории ҳамагири КОВИД – 19 фаъолияти Шӯрои собиқадорон ва дар маҷмуъ кумиҷроияи шаҳрии ҳизб дар ин сол хеле чашмгир буд.  Аъзоёни шӯро дар тарғиби бандҳои Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузории интихобот ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллӣ ва дигар ҷашнҳои умумиллӣ саҳми ногузир гузоштанд.

 Дар ин давра робитаи бо аъзоёни ҳизб тақвият ёфта, ҳаракати собиқадорон ба эътидол оварда шуд. Иқдоми “Собиқадорон дар назди ҷавонон”  барои тақвият ёфтани фаъолияти ҳизб дар ҷомеа мусоидат намуд.

Шуҷоат Ҳасанова, собиқадори давлатию ҳизбӣ, Саидҷон Бобоев яке аз аввалин таъсисдиҳандагони кумиҷроияи ҳизбӣ дар шаҳри Хуҷанд,  Зайниддин Зунунхӯҷаев, фаъоли ҳизб барои пешравии кори ҳизбӣ дастуру пешниҳодҳо доданд. Аз ҷумла, Шуҷоат Ҳасанова пешниҳод намуданд, ки фаъолияти Шӯрои собиқадорони кумиҷроияи шаҳрӣ дар кумитаи маҳаллаҳо ҷоннок карда шавад.  Пайваста аз ҳолу аҳволи пиронсолон ва нафароне, ки дар бунёди кумиҷроияи шаҳрӣ саҳм гузоштанд, обрӯи ҳизбро боз ҳам боло мебардорад.

Дар баромади Саидбой Зокиров қайд шуд, ки бо мақсади табаддули таҷрибаи кории Шӯрои собиқадрон бо иқдоми кумиҷроияи вилоятӣ тасмим аст, ки соли 2021 дар вилоятҳои Суғду Хатлон семинарҳои омӯзишӣ доир карда мешавад. Мавсуф ба фаъолияти Шӯрои собиқадорони ҳизб дар шаҳри Хуҷанд баҳои баланд дода, аз баргузории семинари омӯзишӣ дар ноҳияи Спитамен ёдовар шуд.

Наим Маликисломӣ чорабиниро ҷамъбаст намуда, дар мавриди аёдати собиқадорон, тақвияти ташкилотҳои ибтидоӣ, тайёр кардани кадрҳои коргарӣ бо тавсияи собиқадорон, кор бо муҳоҷирони кишвар ва муҳоҷирони экологӣ дастуру ҳидоятҳо дод.

Бо тасдиқи қарорҳои дахлдор ва сарфароз гардонидани фаъолони Шӯро ҷаласа хотима пазируфт.