Имрӯзҳо дар саросари мамлакат  нуқтаҳои асосии баромади пурмӯҳтавои Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мардуми ВМКБ чун дастури намуна баҳри аз даст надодани ҳушерӣ ва зиракии сиесӣ  дар айёми душвору пуртазод ,ки алҳол дар ҷахон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб  хатарҳои терроризму ифротгароӣ ва ҳодисаҳои номатлуб авҷ гирифта, боиси нигаронист, баррасӣ гардида истодааст.

Ғояи меҳварии баромади Президенти кишвар ҳамдилию ҳамдигарфахмӣ ва бад-ин васила ҳифзу амният ва нигахдошти якпорчагии  сарзамини аҷдодӣ - Тоҷикистони азиз, муқовимати беамон алайҳи терроризм ва ифротгароии хушунатомез,меҳнати софдилона ва зарбдор баҳри рушди босуботи иқтисодӣ -   иҷтимоӣ, фарҳангии кишвар ва расидан ба зиндагии шоистатар маҳсуб мееёбад.

Ба андешаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ман ба қудрати созандаи халқи азизам итминони комил дорам ва дилпурона изҳор менамоям, ки мо бо заҳмату фаъолияти аҳлонаи худ мушкилотхоро бартараф мекунем ва барои мардумамон шароити зиндагии боз ҳам беҳтару сазовортар муҳайё месозем.»

Ҷонибдорӣ аз баромади Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкилоти  «Муассисаи давлатии идораи хоҷагии роҳҳои автомобилии вилояти Суғд» ҷаласаи васеъ гузаронида шуд, ки дар он намояндаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Зеварой Бобоева иштирок намуда, таъкид намуд, ки андешаҳои боризу созандаи Пешвои миллат роҳи ояндаи кишварро дурахшон сохта, кафили пойдории сулҳу субот дар Тоҷикистон ва амнияту оромии ҳамешагии Ҳукумату миллат мегардад. “Махз хиради волои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мухтарам Эмомалй Рахмон боис шуда, ки эшон ҳамнафас, ҳамроз ва ҳамдами халқ бошанд”:

Хирад раҳнамою хирад раҳкушоӣ,         

  Хирад даст гирад ба хар ду сароӣ,-мегуяд, дар баромади хотимавии хеш Раиси ташкилоти ибтидои-и мазкур Хочарой Латифй.

Мо тамоми дониш, қувва ва имкониятамонро баҳри амнияту оромӣ ва созандагиву бунедкорӣ баҳри баланд бардоштани сатҳи некӯахволии мардум равона месозем.»