Дар арафаи ҷашни Наврӯз аз қадимулайём мардум хонаҳои худ, кучаҳо ва ҳудуди маҳалли истиқоматии худро  тоза мекарданд, ки ин яке аз суннатҳои наврӯзӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз субҳи имрӯз  бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар Ҷамъияти нобиноёни шаҳри Хуҷанд барои тозаву озода намудани гирду атрофи он шанбегӣ гузаронида шуд. Дар шанбегӣ кормандони кумиҷроия, аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагон Ватан” ва донишҷӯёни  филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар шаҳри Хуҷанд фаъолона иштирок доштанд.