Моҳият ва мундариҷаи мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ин амалҳои номатлуб дар суханони зерини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷассуми пурраи худро ёфтаанд: «Имрўз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари накамтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».

Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорўи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Истифодаи «Сиёсати дугона» нисбат ба терроризм ва экстремизм самаранокии кўшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилӣ таъкид карда буд, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад.

Гузашта аз ин зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини ислом иртиботе надорад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд.

Элитаи сиёсӣ ва қудратии америкоиву аврупоӣ ҳамеша кишварҳои пасошўравӣ, минҷумла Тоҷикистонро бо он муттаҳам месохтанд, ки гўё дар ин кишварҳо озодии виҷдонро риоя намекунанд.

«Озодии виҷдон» гуфта онҳо ба масҷид нарафтани насли то 18 солаи тоҷикро дар назар доранд.   

Равшан мегардад, ки сиёсати аврупоӣ ҳадафмандона аз исломи сиёсӣ дар симои ҲНИТ ва руҳониёни мутаассиби минтақа дифоъ мекард.

Акнун ба моҳияти сиёсати стандартҳои дугонаи онҳо таваҷҷўҳ кунед. Аз як тараф исломи сиёсиро террорист мехонад, аз тарафи дигар ҷиҳати идома пайдо карда ва истеҳкоми молиявию назимӣ ёфтани пойгоҳҳои террористӣ дар манотиқҳои гуногуни ҷаҳон (Афғонистон, Покистон, Сурия, Ироқ, Нигерия, Чад) иқдом меварзанд.

Маҳз ҳамин «иқдомот» сабаби интиқоли ҳадафмандонаи терроризми динӣ аз манотиқи шарқӣ ба мавзеи ғарбӣ гардид, ки ин як намуди ба паланги тездандон ба хотир меорад.

Мусаллам аст, ки дини мубини ислом ниёз ба ҳизбу ҳаракатҳои расмиву иртиҷоӣ ва ифротӣ надорад. Созмон ва ҷараёни ифротӣ ва иртиҷоӣ дар асоси барномаҳои ташкилотҳои террористӣ ва ё давлатҳои алоҳидаи абарқудрат таъсис ёфтаанд, ки дар ниҳоди худ идеологияи муқтадири ҳадафмандонаро дар ниқоби ислом амалӣ менамоянд. 

Мусаллам аст, ки ташкилоти экстемистӣ – террористии ҲНИТ ташкилотчӣ ва гунаҳкори асосии ҳодисаҳои фоҷиабори солҳои 90-уми асри гузашта дар Тоҷикистон аст.

Дар ҳамаи давра бо роҳнамоӣ ва пуштибонии ҲНИТ беш аз 500 нафар ҷавонони тоҷикистони барои таълимгирӣ ба марказҳои террористии хориҷӣ фиристода шуданд. Айни замон аксарияти онҳо узви фаъоли созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ мебошанд.

Мутобиқи моддаи 4-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» таъсис ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсие, ки  мақсад ва амалашон ба фаъолияти экстремистию террористӣ, бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ва ташкил намудани гурўҳҳои мусаллаҳ равона гардидааст ва ё низои нажодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ, маҳалгароӣ ва диниро тарғибу ташфиқ менамоянд, манъ аст.

Бо назардошти ҳолатҳои зикргардида дар таърихи 29 сентябри соли 2015 аз ҷониби Суди Олӣ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ҳамчун ташкилоти ифротгароӣ (экстремистӣ), террористӣ эътироф намуда, фаъолияти ҳизбро қатъ ва ҳамчун субекти ҳуқуқӣ барҳам дода, нашри рўзномаи «Наҷот» ва солонаи интернетии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ба ҳудуди қаламрави ҶТ ворид намудан вапаҳн намудани аудио ва видеосабтҳо, истеҳсолу чопу нашри рўзномаю адабиёт ва варақаҳои ҳизб манъ карда шуд.

Роҳбари фирории ҲНИТ М.Кабирӣ шахсан созмондиҳанда ва маблағгузори табаддулоти давлатии 4-16 сентябри соли 2015 бо иштироки гурўҳи мусаллаҳи Абдуҳалим Назарзода дар Тоҷикистон аст. Хиёнати наҳзатиҳо, нақшаи тарҳрезишудаи мушаххасе буд, ки бо дасти хоҷагони хориҷӣ омода гардида, бо дасти худиҳо амалӣ мешуд. Наҳзатиёни фирорӣ дар ҳудуди кишварҳои дигар барои амалӣ кардани мақсадҳои худ, ба ҷалби муҳоҷирон ба сафи гурўҳҳои террористӣ, инчунин ташвиқоту тарғибот машғуланд.

Нисбати роҳбари фирории ҲНИТ М.Кабирӣ парванди ҷиноятӣ оғоз гардида, дар ҷустуҷўи Интерпол эълон шудааст.

Бино ба хабари расонаи бонуфузи Олмон «Abendzeting Munhen» бо иртибот бо сомонаи Сохтори минтакавии зидди террористии Созмони ҳамкории шанхай аз таърихи 29 январи соли 2016 дар мувофиқат бо Низомнома оид ба феҳристи ягонаи созмонҳои террористӣ, экстремистӣ ва ҷудоихоҳ, ки фаъолияташон дар қаламрави давлатҳои узви СҲШ манъ аст, Ҳизби наҳсати исломии Тоҷикистон таҳти рақами №79 ба рўйхати ташкилотҳои террористӣ ворид карда шуд. Қаблан ба ин рўйхат чунин созмонҳои террористӣ мондани «Ал-Қоида», ДИИШ,  «Ҳаракати Толибон», «Бародарони мусулмон» ва ғайра номнавис шуда буданд.

Чи тавре, ки аз паёми Президенти ҶТ, Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҶТ 22 декабри соли 2017 бармеояд, дар қаламрави Афғонистон пайдо шудани террористони бо ном «Давлати исломӣ», ки баъзе шаҳрвандони кишварҳои аъзои ИДМ низ ба он шомиланд, вазъро боз ҳам ноором намуда, боиси ташвиши мо ва кишварҳои аъзои ИДМ низ ба он шомиланд, вазъро боз ҳам ноором намуда, боиси ташвиши мо ва кишварҳои ҳамсоя гардидааст.

Мусаллам аст, ки яке аз сарчашмаҳои маблағгузории терроризми байналмиллалӣ ва нооромиҳо дар ҷаҳон – муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба шумор меравад. Тибқи маълумоти расмии СММ имсол майдони кишти ин зироатҳо 63 фоиз зиёд шуда, то ба 328 ҳазор гектар расидааст ва дар назар аст, ки истеҳсоли маводи мухаддир нўҳ ҳазор тоннаро дар муодили афюн ташкил хоҳад кард ва кўшиши интиқоли қисми муайяни ин мавод тавассути кишвари мо низ сурат хоҳад гирифт.

Аз соли 1994 инҷониб аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низоми кишвар беш аз 124 тонна маводи нашъаовар, аз ҷумла зиёда аз 34 тонна героин мусодира карда шудааст, ки ин миқдор мавод метавонист қариб 53 млн нафарро гирифтори бемории нашъмандӣ ва ҳамин қадар оилаҳоро бадбахт гардонад.

(Паёми Президенти ҶТ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ба маҷлиси Олии ҶТ. 22 декабри соли 2017.- Ҷумҳурият 22 декабри соли 2017)

Аз ин рў мо, зиёиён бояд дар ин лаҳзаҳои барои халқу миллат тақдирсоз ҳамкориро бо дастгоҳи идеологӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ниҳодҳои қудратӣ пурзўр намуда, барои ошкор ва пешгирӣ кардани афкори авомфиребона ва пурмакру хиёнати террористони экстремистон талош намуда, ниятҳои нопоки онҳоро ба аҳли ҷомеа ошкор намоем.             

           Тоатов Ҳ.