Ба ифтихори Рӯзи Рудакӣ, ки ҳамасола 22 сентябр қайд карда мешавад дар ташкилотҳои ибтидоии КИИ "Сомон" чорабиниҳои адабиву фарҳангӣ ва маҳфилҳои илмиву тарбиявӣ ташкилу баргузор гардиданд.

Дар дар ташкилот дар заминаи маҳфили илмии “Суханвар” ба муносибати Рӯзи Рудакӣ дар мавзӯи “Рӯдакиро бар сари он шоирон зебад сарӣ...”, ҳамзамон дарси кушоди тарбиявӣ бо номи “Соҳибқирони шоирон-устод Рӯдакӣ” ташкилу баргузор гардиданд.

Ҳамчунин бо иштироки аъзоёни ТҶҶ "Созандагони Ватан"-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд чорабинӣ доир шуд.

Зимни баргузории маҳфилу соатҳои тарбиявӣ донишҷӯён перомуни осору ашъори ин адиби оламшумул маърӯзаҳо ироа намуданд. Қайд шуд, ки таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ дар кишвари азизамон нишони эҳтирому арҷгузорӣ ба адабиёт, фарҳанг ва шеъру сухан буда, осору ашъори мондагори ин абармарди шеър ҳар нафарро ба худшиносиву ҳуввияти миллӣ раҳнамун месозад.Шеъри оламгири Рӯдакӣ ва ашъори пурғановати ӯ шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст. Нафосату назокат ва зебогии баёни ашъори ӯст, ки Устод Рудакиро соҳибқирони шоирон, одамушшуаро ва падари шеъри форсӣ унвон кардаанд.

Дар таърихи илму адаби ҷаҳонӣ адабиёти форсӣ- тоҷикӣ мақоми баланд касб кардааст, ки дар саргаҳи он одамушшуаро Абӯабдулло Рӯдакӣ қарор дорад.

Ба ҷавонон тавсия дода шуд, ки осори Рӯдакиро пайваста омӯзанд ва арҷ гузоранд.