Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд, Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Абдураҳмон Қодирӣ Иҷлосияи ғайринавбатии ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум доир гардид. Дар кори иҷлосия муовинони Раиси вилоят, раисони шаҳру навоҳии вилоят, роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоятӣ, сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони шаҳраку ҷамоатҳо, кумитаи маҳаллаҳо ва дигар шахсони дахлдор ширкат варзиданд. Дар кори иҷлосия аз 69 нафар вакилон 65 нафар иштирок намуданд. Аз тарафи вакилони иҷлосияи ғайринавбатии ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати панҷум масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Сароғоз Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ аз ҷараёни омодагӣ ба таҷлили ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъати корҳои ободонӣ ва созандагӣ сухан ронда, аз ҳадаф ва мақсади Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2016 «Дар бораи гузаронидани мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ» ҳарф зад. Муовини Раиси вилоят Заробиддин Файзуллозода оид ба рафти иҷрои мутазаккираи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд маърўза намуда, зикр дошт, ки ҷиҳати амалӣ гаштани Амри мазкур қарори дахлдори Раиси вилоят аз 31 марти соли равон ба тасвиб расида, тибқи он комиссияи вилоятӣ таъсис ва ба ғолибони озмун 100 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида буд. Дар иҷлосия Бадриддин Шарофов – вакил аз ҳавзаи интихоботии «Чоркўҳ», №10, Матлубахон Сатториён – вакил аз ҳавзаи интихоботии Гулистон, №15, Неъматулло Раҳматуллозода – вакил аз ҳавзаи интихоботии «Зарафшон, №40, Комил Салимзода – вакил аз ҳавзаи интихоботии «Иттифоқ», №57, Зариф Назирӣ – вакил аз ҳавзаи интихоботии Fозиён, №68 ба музокира баромада, доир ба таъмини иҷрои Амри зикргардидаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф заданд. Раиси вилоят дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибони даври вилоятии озмуни шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ Диплом ва мукофотҳои пулиро тақдим кард. Аз ҷумла, дар бахши оилаи беҳтарин оилаи Нўъмонҷон Файзуллоев аз шаҳри Хуҷанд, сазовори ҷойи дуюм, Диплом ва 1200 сомонӣ гардиданд. Ҳамзамон, дар озмуни вилоятӣ Хуҷанд чун шаҳри беҳтарин ғлиби озмун гардида соҳиби Диплом ва бо 7500 сомонӣ қадрдонӣ гардид. Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ҳамзамон таъкид дошт, ки амалӣ намудани Амри мазкур ва гузаронидани озмун ба ҳалли масъалаҳои соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, алалхусус маорифу тандурустӣ ва вусъати корҳои ободиву созандагӣ мусоидат намуд. Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар фарҷом бобати дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вусъати корҳои созандагиву ободкорӣ, аз ҷумла ҷамъоварӣ ва коркарди босифати пахта, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, омодагӣ ба зимистонгузаронӣ, сифати корҳои таъмир дар мактабҳо, иҷрои саривақтии нақшаи андозҳо, танзими нархи маҳсулот дар бозорҳои вилоят ва ғайраҳо ба масъулин, аз ҷумла ба раисони шаҳру навоҳии вилоят дастуру супоришҳои мушаххас дод.

www.khujand.tj