Баргузории машқҳои дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ

Тибқи дастуру супоришҳои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо бахши ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд имрӯз санаи 13 май машқҳои пагоҳирӯзӣ ва терренкур бо иштироки аъзоёну ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, донишҷӯёни донишгоҳҳои олӣ ва ҷавонони фаъол доир карда шуд.

Бояд қайд намоем, ки чунин машқҳои дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ ҳар ҳафта рӯзи шанбе дар ҷойҳои муқарраргардида баргузор карда мешавад.