Субҳи санаи 21-уми июл дар маҷлисгоҳи Беморхонаи клиникавии №1- шаҳри Хуҷанд таҷлили ҷашни 70-солагии духтури дараҷаи олӣ Аълочии тандурустӣ, дорандаи Ордени Шараф дараҷаи 2, собиқадори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Фаросатмо Набиева баргузор гардид, ки дар он Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сарфароз Юнусов ва Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ширкат варзида, соҳибҷашнро ба муносибати рўзи мавлудаш аз номи роҳбарияти ҲХДТ табрику муборакбод намуданд ва ба ў тўҳфаҳои хотиравии Кумиҷроияи вилоятию шаҳриро тақдим намуданд.