Мо ҷавонони ДПДТТ дарк мекунем, ки дар рӯзҳои охир «рақибони сиёси»-и кишварамон бо суръати том бо Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон гӯиё «ҷанги иттилоотӣ» оғоз кардаанд. Ва дар ин росто демократия ва ҳуқуқу озодиро ливои худ намудаву ҳамадам сухан аз демократия мезананд (ҳарчанде, ки пештар онро низоми нодуруст меҳисобиданд) ва худро ҳомии тамоми мардуми Тоҷикистон метарошанд. Навиштаҳо ва гуфтаҳои онҳо асоси воқеӣ надошта танҳо обро лой намудани моҳӣ доштан аст.

Мардуми Тоҷикистон пайомадҳои гирдҳамоӣ ва озодихоҳии ин зумра “уламоро”, ки солҳои наваддум аз “хоби гарон” хеста буданд, нағз дар ёд дорад, ки он то чӣ андоза мамлакатро аз ҷиҳати иқтисодӣ ва иҷтимоӣ фалаҷ гардонду ҳазорҳо мардумро хонахароб кард.

Имрӯз онҳо мехоҳанд, ки он сенарияи фаромӯшшударо аз сари нав амалӣ намоянду дар аснои бесарусомониҳо озодона нақшаҳои тарҳрезинамудаашонро дар амал татбиқ намоянд.

Имрӯз онҳо мехоҳанд, ки худро ҳамчун алтернативаи ягона ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намоянд. Аз ин хотир тамоми айбҳои будаву набударо бар сари ҳукумат бор кардаанд ва худро калиди ҳалли ин мушкилот меҳисобанд. Вале набояд фаромӯш кард, ки аз гуфтан то амалӣ намудан ҳазорҳо фарсах аст. Дар солҳое, ки дар Тоҷикистон фаъолият доштанд ба ҷуз аз гуфтор барои Тоҷикистон чӣ намуданд, ки акнун аз Аврупо?

Мо насли ҷавони Тоҷикистон бо дарки он ки ватани моро ба ҷуз мо каси дигар обод намекунад, ба тафриқа аз Шумо, на гуфтори беҳуда балки амалро пешаи худ намуда, мекӯшем, ки дар ҳама ҷода

идоракунии мамлакат, истеҳсолот, хоҷагии қишлоқ, варзиш, санъат ва ғайра мавқеи худро дарёфт кунем ва дар он мавқеъ баҳри беҳбудии ватан меҳнат намоем, зеро Ватандорӣ ба кирдор аст, на гуфтор!