Ҷаласаи навбатии шӯрои собиқадорони назди кумиҷроияи шаҳрӣ баргузор гардид. Дар кори он фаъолону собиқадорони  ташкилотҳои ҳизбӣ ширкат варзиданд.

Раиси шӯрои собиқадорони кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, номзади илмҳои педагогӣ Абдуҳаким Шарипов, ҷаласаро ҳусни ифтитоҳ бахшида, аҳли нишастро бо рӯзномаи кори ҷаласа шинос намуд.

Мавсуф оид ба ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳаи кори Шӯро дар назди ҳозирин ҳисобот дод. Қайд шуд, ки аъзои шӯрои собиқадорони кумиҷроия дар таблиғу ташвиқи дастовардҳои давлат ва ҳукумат, татбиқи амалии талаботҳои оинномавию барномавии ҳизб дар давраи ҳисоботӣ корҳои муайянро ба сомон расонид. Шӯрои собиқадорони кумиҷроия дар давраи ҳисоботӣ асосан фаъолияташро бо кумитаи маҳаллаҳо ҷоннок намуда, дар самти татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими расму оинҳо» ва «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» корҳои муайянро ба сомон расонд.

Аз рӯи масъалаи дуюми кори рӯзнома вобаста ба мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии кишвар бахшида ба 10-солагии амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” раиси кумиҷроия Маликисломӣ Наим Мунаввар сухан ронд. Номбурда қайд намуд, ки воқеан ҳам пиёда шудани ин қонун натанҳо вазъи иҷтимоии давлат, балки шароити зисти сокинонро ба маротиб боло бурд. Тавре аз рақамҳои оморӣ бармеояд, то қабули қонун давлат ба хотири беҳдошти иқтисодиёт ва беҳбудибахшии вазъи иҷтимоӣ 5 миллиард сомонӣ грант ва қарз гирифта бошад, пас ин рақам дар давоми татбиқи қонун хеле кам гардид.

Илова бар ин, шумораи тӯйи хонадоршавӣ низ зиёд шуда, он аз 57 ҳазори то қабули қонун, ба 106 ҳазор адад расид. Яъне, оилаҳои камбизоат, ки солҳои сол наметевонистанд бо маблағҳои зиёд тӯйи хонадоршавиро анҷом диҳанд, тавассути ин қонун тавонистанд ин корро анҷом диҳанд.

Ҳамзамон фарҳанги баргузории тӯйи арӯсӣ, маросимҳои гуногун хеле боло рафт. Аз ҳисоби камхарҷ гардидани маъракаҳо падару модарон имкон пайдо намуданд, ки хонаҳои истиқоматӣ барои навхонадоронро созанд.  Ахиран ба муносибати 10- солагии қабули қонун мақомоти Тоҷикистон дар як ҳамоиш мегӯянд, ки Қонуни танзими маросимҳои миллӣ дар тӯли даҳ сол 18 миллиард сомонии мардумро сарфа кард ва якуним миллион чорворо аз забҳ шудан раҳонид.

Эҳсонкориҳо афзуда, дар давоми 10 сол наздики 100 ҳазор хатнасурӣ ва 5 ҳазор тӯйи хонадоршавӣ аз оилаҳои камбизоат ба вуқӯъ омаданд, ки ин ҳама ба шарофати қабули ин қонун аст. 

Фикр мекунам, он таклифу пешниҳодҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот иброз доштанд, бар фоидаи кор аст ва зиндагии пурнуру дурахшон халқи моро дар ояндаи наздик интизор аст.

Баромадкунандагон аъзои фаъоли Шӯрои собиқадорони кумиҷроия Олимҷон Ҷалолов, Муҳсин Миркамолов, Нӯъмон Ҳасанов, Ҳамроҳ Атаева ва Гавҳар Калонова андешаҳояшонро перомуни амалишавии қонуни мазкур дар ҷомеа иброз доштанд.

Аз ҷумла, гурӯҳи тавсиядиҳандагон ташкил карда шуд ва минбаъд собиқадорон бо навбат дар шӯъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрванди шаҳр дар утоқи алоҳида бо падару модар ва навхонадорон оиди камхарҷ гузаронидани хароҷоти тӯй ва риоя намудани қонуни мазкур сӯҳбатҳо мегузаронанд.

Маликисломӣ Наим Мунаввар таклиф пешниҳод намуд, ки вобаста ба баланд бардоштани ифтихори миллии сокинон ва ба ин васила хушу хотирмон таҷлил намудани ҷашни 25- солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни сокинони маҳаллаҳо озмуни «Каодбонуи беҳтарин» таъсис дода шавад. Ин тадбир барои муттаҳидсозии афкор воситаи хубе хоҳад шуд.

Дар идомаи ҷаласа ҳозирин таклифу пешниҳодҳо худро нисбати беҳбудибахшии фаъолияти ҳизб изҳор намуданд. Аз ҷумла таъкид шуд, ки кор дар байни маҳаллаҳо вусъат бояд гирад ва робита бо МИҲД-и шаҳр густариш бахшида шавад.

Бо тасдиқи нақшаҳои кори ҷаласа анҷом пазируфт.