Дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар шаҳри Хуҷанд ситоди обуна баргузор гардид, ки дар он муташаккилона  гузаронидани маъракаи «Обуна-2020» ба нашрияҳои «Минбари халқ», «Сухани халқ»  ва «Шафақ»  масъалагузорӣ карда шуд.  Ситоди шаҳриро раиси Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар оғоз намуда, аъзоёни ситодро  бо фармоиши кумитаи иҷроия ва вазифагузориҳо, меъёри муқаррарнамудаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ дар ташкилоту муассисаҳои ҳудуди шаҳр  шинос намуд.  Маликисломӣ Наим Мунаввар таъкид намуд, ки маъракаи  обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ  фаъолияти ҳамасолаи кумитаи иҷроия маҳсуб ёфта, дар ин самт кумитаи иҷроия, аъзоёни ситод ва гурӯҳҳои корӣ  таҷрибаи кофӣ доранд. Раиси ситод  Наим Маликисломӣ  аъзоёни ситодро вазифадор намуд, ки корҳои тарғиботиро оиди обунашавӣ ба нашрияҳои ҳизбӣ пурзӯр намуда, сафи хонандагонро зиёд намоянд ва бо ин васила баҳри тарғибу ташвиқи ғояҳои барномаи ҲХДТ саҳмгузор бошанд.  Ҳамзамон иштирокдорони ситоди шаҳрӣ ухдадор гардиданд, ки баҳри дар амал татбиқ намудани вазифагузориҳои ситоди имрӯза   чора-тадбирҳои иловагӣ андешида, барои дар мӯҳлати муайянгардида иҷро намудани нақшаи «Обуна-2020» кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод.