Субҳи имрӯз бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 –солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси барқияи электронии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аксия таҳти унвони “Президенти мо – ифтихори мо!” доир гардид.

Дар аксияи мазкур кормандони масъули кумиҷроияи вилоятӣ ва шаҳрӣ, аъзоёни фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ширкат варзида дар кӯчаҳои марказии шаҳри Хуҷанд сокинонро бо ин ҷашнҳои муқаддас табрик намуда, варақаҳои табрикотӣ ва муроҷиатномаи иштирокчиёни Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – назариявӣ дар мавзӯи «Заминаи таҳким ва рушди асосҳои ҳуқуқии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тақсим намуданд.

Мақсад аз ташкил ва баргузории аксия ин арҷ гузоштан ба заҳматҳои софдилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон буда, ҷавонон бо шукргузорӣ аз давлати тинҷу ором ва ободу зебо, бо эҳсоси баланди меҳанпарастӣ ва садоқат ба Пешвои миллат дар ин чорабинӣ иштирок намуданд.