Дар асоси мактуби КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд №71 аз 20.05.2015с. маъракаи «Обуна-2016» ба рӯзномаҳои ҳизбии «Минбари халқ» ва «Сухани халқ» аз 10 июни соли 2015 оғоз гардида буд. Боиси зикр аст, ки дар шароити кунунӣ ягона воситаи чопию тарғиботии ғояҳои созандаи ҳизб, Барномаи пешазинтихоботии он, инъикоскунандаи фаъолиятҳои ҳизбию сиёсӣ, таҳаввулотҳои дар ташкилотҳои он баамалоянда, ҳамчунин сафарбаркунии мардум барои иқдому ташаббусҳои неки бунёдкорона нашрияҳои ҳизбии «Минбари халқ» ва «Сухани халқ» ба ҳисоб меравад, алалхусус нашрияҳои мазкур дар тарғибу ташвиқи дастовардҳои ҷумҳурӣ ва вилоят байни мардум аҳамияти махсус дорад. Бо назардошти муҳимияти ин маъракаи сиёсӣ ташкилотҳои ибтидоии «Маркази саратоншиносии вилояти Суғд», «Таваллудхонаи шаҳрӣ», «Шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд»-и КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд то имрӯз нақшаи обунаро ба пуррагӣ иҷро намуданд.