Баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои Оиннома ва Барномаи ҲХДТ, баланд бардоштани нуфузи ҳизб дар ҷомеа, ҷиҳати тақвият бахшидан ва самаранок пеш бурдани фаъолияти ҳизбӣ, вусъати корҳои дохилиҳизбӣ, ба низом даровардани ҳуҷҷатгузорӣ, дар асоси фармоиши Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд аз 5 январи соли 2023 таҳти №1 ва фармоиши Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд аз 5 январи соли 2023 таҳти №1 аз ҷониби муовини раиси кумиҷроия Муҳаббат Ӯрунбоева ва мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти кумиҷроияи шаҳрӣ Ғуфронҷон Шарипов санҷиши ташкилотҳои ибтидоии “Умедбахш” ва “Хонаи пиронсолон” ба роҳ монда шуд.