Баргузории чорабиниҳо дар ҳошияи эълон шудани соли 2015 «Соли оила» дар асоси нақшаҳои тарҳрезишуда давом дорад. Чунин як чорабинӣ дирӯз дар факултаи молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи «Мавқеи зан дар ба нақшагирии буҷаи оилавӣ» баргузор гардид. Иштирокчиёни ин маҳфил асосан устодону донишҷӯёни шӯъбаи ғоибонаи факултаи мазкур буданд. Иштирокчиёни маҳфили Мизи мудаввар дар бораи муҳиммияти ба нақша гирифтани даромад ва хароҷоти оила, муайян кардани захираи оила ва ба нақша гирифтани мақсадҳои молиявии худ, андешаронӣ ва баҳсҳо намуданд. Мудири шӯъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд маҳфилро ҷамъбаст намуда, нисбати омода намудани ҷавонон ба маърифату фарҳанги оиладорӣ, ба ҷавонон омӯзонидани одоби муошират, омӯзонидани маҳорати гуфтани «Сухани сеҳрнок», роҳандозӣ намудани буҷаи оилавӣ дар ин замина дар ҳаёти воқеӣ амал намудан аз рӯи мақолҳои халқии «Зани оқилаву хирадманди порсо, Кунад марди дарвешро подшо», «Сарфагари сари оташдон, беҳ аз савдогари Ҳиндустон», баланд бардоштани маърифати молиявӣ (оқилона муомила кардан бо пул), одоби рӯзғордорӣ ва кадбонугӣ ибрози ақида намуд. Ҳамчунин оиди вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯза сухан гуфта, ҷавононро таъкид дошт, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва бар зидди ҳама гуна ақидаҳои барои ҷамъияти мо бегона мубориза баранд.