Инак 13 сол мешавад, ки бо ибтикори Президенти кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатӣ эълон гардида ва ин рӯзи муборак ҳамасола бо шукӯҳу тантана таҷлил меёбад. Ин рӯз собитгари ифтихору эҳтироми мо нисбат муқаддасоти миллат, аз ҷумла Парчами давлатист. Парчаме, ки ҳастии давлати моро, ифтихори миллии моро ифода мекунад, парчаме, ки гувоҳи барҷастаи истиқлолияти давлатии мо таҷассумгари ғурури миллӣ ва ору номуси ватандории мост.

         Санаи 24 ноябри соли равон бахшида ба ин рӯзи таърихӣ дар ташкилоти ибтидоии “Оби тоза”-и назди Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд мизи мудаввар таҳти унвони “Парчам-рамзи ҳаёти осоишта”бо иштироки аъзоёни ҲХДТ ва кормандон баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева иштирок намуда, дар баромади худ зикр дошт, ки Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамқадами соҳибистиқлолии Ватанамон буда, дар баробари Конститутсия, Нишон, Суруди миллӣ ва Асъори миллӣ аз ҷумлаи гиромидошти рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ маҳсуб мешавад. Аввалин маротиба Парчами ватани соҳибистиқлоламон дар қасри Арбоб парафшонӣ кард. Парчам барои миллат ахтар ва барои лашкар қудрат аст. Аз ин рӯ мо бояд ҳамеша саъю талош кунем, ки парчами миллии мо ҳар фарди бонангу номусро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ ҳидоят намояд.