Санаи 20-уми январи соли 2023 тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри дар Маркази ҷарроҳии чашми вилояти Суғд ҷиҳати шарҳу тавзеҳ ва омӯзиши нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  мулоқот барпо гардид.

Дар чорабинии мазкур кулли кормандони Маркази  ҷарроҳии  чашми  вилояти Суғд  иштирок намуданд.

Дар мулоқот директори Филиали МД «Донишгоҳи байналмиллали  сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» дар вилояти Суғд (ш. Хуҷанд) дотсент Садриддинов Манучеҳр доир  ба нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози ақида намуда, таъкид  дошт, ки дар Паёми худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  оид ба  пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, иҷтимоиёту иқтисодиёт, энергетикаву саноат, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустиву маориф, фарҳанг, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Зикр карда шуд, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳнамо ва роҳкушои кори мардуми шарифи мамлакатамон буда, ҳар як фарди бедордилро зарур аст, ки баҳри дар амал татбиқ намудани нишондиҳандаҳои он кушиш ба харҷ  диҳанд. Ҳамчунин дар идомаи мулоқот намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби халкии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар баромади худ қайд намуд, ки  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми худ дар Маҷлиси Олӣ чунин таъкид доштанд: «Масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии  аҳолӣ, бахусус дастгирии иҷтимоии маъюбон, оилаҳои камбизоат, инчунин дастгириву кӯмак расонидан ба онҳо вазифаи аввалиндараҷаи давлату ҳукумат ба ҳисоб меравад.