Тибқи супориши Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд баҳри пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб корҳои фаҳмондадиҳӣ бо маром ҷараён дорад. Чунин вохӯриҳо дар ташкилотҳои ибтидоӣ ва маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд гузаронида шуда истодааст. Дар чойхонаи маҳаллаи “Тути калон” Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ бо фаъолон ва сокинони он оиди мавзӯи “Терроризм ва экстремизм вабои аср” вохӯрӣ баргузор намуд. Мавсуф дар суҳбат кайд намуд, ки сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ҳар гуна падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи ноустувории шароити зиндагӣ, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, бахусус ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба гурӯҳҳои ифротгаро мегардад .

Пешгирӣ намудани ҷиноят нисбат ба ошкор кардани он ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахс барои давлат ва ҷомеа осон ва манфиатовар аст. Ҳар нафар шаҳрванди имрӯзаи Тоҷикистон бояд ба худ суол диҳад, ки барои пешарфт ва тараққиёти кишвар чи корҳоро анҷом дода истодааст. Кӯшиш ба харҷ диҳад, ки барои пойдории сулҳу суботи Тоҷикистони азизамон бетараф набошанд. Ҷавононро ҳушдор созанд, ки фирефтаи ҳаргуна ҳизбҳои ифродгаро нагарданд ва барои пешгирии он корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни ҷавонон ва оилаҳои худ бисёртар ба роҳ монанд.

Дар ҳақиқат имрӯз бояд ба қадри озодӣ ва истиқлолияти ватанамон расем ва нагузорем, ки нохалафон ба зиндагии тинҷу осудагии мардуми кишварамон халал раоснанд.

Дар охири вохӯрӣ бо истиҷоматкунандагони маҳаллаи “Тути калон” суҳбати ошкоро доир гардида, хоҳишмандон фикру анднешаҳояшонро перомуни мавзӯъ иброз доштанд.

я