Баҳри дар амал татбиқ намудни қарори Раиси вилояти Суғд аз 28 марти соли 2017, №134 чорабиниҳои фарҳангӣ таҳти унвони “Шоми ҷавонӣ” бахшида ба соли 2017 “Соли ҷавонон” дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи “Камоли Хуҷандӣ” оғоз гардид. Дар он зиёда наздик 2000 нафар ҷавонону варзишгарон, донишҷӯён ва шаҳрвандон иштирок намуданд.

Дар расми ифтитоҳи чорабинӣ муовини Раиси шаҳр Ҳошимзода Раъно, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Исматҷонов Бахтиёр ва мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Каримов Мирзоқосим ҳузур доштанд.

Муовини раиси шаҳр оид ба мӯҳтавои баргузории чорабинӣ ба сухан баромада аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Хужанд, ба маросими ифтитоҳи баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, таҳти унвони «Шоми ҷавонӣ» бахшида хайрамақдам намуданд. 

Истиқлолият рукни муҳим ва меҳвари давлатдорӣ ва давлатсозии навини мо буда, ҳифзу гиромидошти ин неъмати бебаҳо ба ҳайси арзиши муҳими умумимиллӣ ва давлатӣ  ҳам-чунин бо кору фаъолияти созандаи ҷавонони бофарҳангу соҳибирода, хештаншиносу ватандӯст иртиботи ногусастанӣ дорад.

Аз ин рӯ, масъалаи сиёсати давлатии ҷавонон дар маркази диққати ҳамешагии Ҳукумати мамлакат қарор гирифта, барои пуштибонӣ ва дастгирии иқдомоти бунёдкоронаи ҷавонони кишвар аз ҷониби давлату ҳукумат тадбирҳои мушаххас амалӣ мегарданд. Дар ин замина, муҳайё намудани шароити мусоид барои ташаккули ҳамаҷиҳатаи ҷавонон, тарбияи хуб ва босамари насли ояндасоз, ҳидоят намудани онҳо ба роҳи дурусти зиндагӣ ва кору фаъолият, андешидани чораҳои зарурӣ баҳри азхуд намудани илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунар ва ниҳоят муҳайё намудани заминаҳои мусоид баҳри дар оянда ҳамчун ворисон ва меросбарони сазовори миллату халқи соҳибтамаддун ба воя расидани ҷавонон пайваста дар суханрониҳои Пешвои миллат таъкид ёфта, аз ҷумла дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр мешавад: «Бо назардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат пешниҳод менамоям, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон карда шавад.»

Ин боварӣ ва эътимоди Сарвари давлатамон ба ҷавонон, имрӯз аз ҳар як нафар ҷавон дар ҳамаи самтҳои фаъолият масъулияти баланди хештаншиносиро тақозо намуда,  ҳар яки моро дар масъалаи истифодаи самараноки нерӯи созандаи ҷавонон, тарбияву интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои ҷавону лаёқатманд ва соҳибмаърифат, тарғибу ташвиқи пайвастаи донишандӯзӣ ва камолоти ҷисмониву маънавии ҷавонон, тарзи ҳаёти солим, азхуд кардани касбу ҳунарҳои замонавӣ байни ҷавонон ва ҷомеа ҷиддан вазифадор менамояд.
Имрӯз кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар фазои орому осоишта, сулҳу ваҳдат ба сӯи ояндаи дурахшон қадамҳои устувор гузошта, мардуми шарифи диёрамон дар шукргузорӣ аз ин неъмати бебаҳо ба меҳнати фидокорона ва созандагиву бунёдкориҳои тоза камари ҳиммат бастааст. Бо боварии комил метавонам зикр намоям, ки ҳар яки мо бо сарбаландӣ ва ифтихор ҷашни бошукӯҳи 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллии  Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас ва комёбиҳои шоиста сазовор истиқбол мегирем.
Хушбахтона, файзи амали сиёсати дурбинона аст, ки имрӯз дар тамоми паҳлӯҳои ҳаёти ҷомеа нақши пуртаъсири ҷавонони кишвар ҳамчун нерӯи ояндасоз ба пуррагӣ эҳсос мегардад. Ҳазорон нафар ҷавонон ба фатҳи қуллаҳои баланди дониш муваффақ гардида, даҳҳо ҳазори дигарашон дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба нафъи Ватан ва ҷомеа содиқона меҳнат мекунанд. Ҳамчунин фарогирии ҷавонон ба соҳибкории хурду миёна тавсеа ёфта, бо ин мақсад аз ҷониби Ҳукумат лоиҳаҳои имтиёзнок ва дигар тадбирҳои судманд роҳандозӣ шудаанд, ки ин ба рушди соҳибкории ҷавонон мусоидат менамояд.
Бояд қайд намуд, ки чорабинии мазкур ҳар ҳафта рӯзи шанбе баргузор карда мешавад.