Хайру савоб яке аз суннатҳои неки тоҷикон буда, кӯмак ба ниёзмандон ва дастгирии ятимону бепарасторон амали нек ба шумор меравад. Хосса дар арафаи ин ё он ҷашнҳои миллӣ аёдати шахсони бемору барҷомонда, ятиму бепарастор аҷру савоби бештар дорад. Яке аз фазилатҳои иди Қурбон маҳз дар раҳмдиливу нигоҳи нек доштан ба ин қишри ҷомеа мебошад. Бо назардошти дастгирии оилаҳои ниёзманд Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд якчанд нафар сокинони шаҳри Хуҷандро аёдат намуд. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Наим Маликисломов ва кормандони дастгоҳи кумиҷроия шахсан аз ҳолу ахволи ниёзмандон пурсон гардида, табрикоти роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Марказӣ ва Кумитаи иҷроияи Вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро расониданд ва ба онҳо кӯмакҳои хайриявӣ намуданд. Чунин тадбирҳо аз ҷониби вакилони маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, ки аз ҷониби ҲХДТ пешбарӣ гардида буданд, дар ҷойҳои интихобгардидаи худ амалӣ гардид.