Дар асоси нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳр, фаъолзанон, собиқадорони меҳнат, намояндагони касбу кори гуногун, аҳли фарҳанг, табибон, наврасону ҷавонон бо роҳбарии муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирўза Нуруллозода бо мақсади аёдати сарбозон ба истиқболи 30 солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Баталёни 3-юми посбонкунандаи 65-93-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст, ташриф оварданд.

Зимни суханронии муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода таъкид гардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, ки таърихномаи начандон тӯлонӣ, вале пур аз саҳифаҳои шуҷоату далерӣ доранд, фаъолияти худро соли 1993 дар марҳалаи ниҳоят мураккаби давлатдории навини халқи тоҷик ҳамчун ниҳоди асосии ҳимоякунандаи сохти конститутсионӣ ва таъминкунандаи тамомияти арзии мамлакат оғоз кардаанд. Мо хуб дар ёд дорем, ки қисму воҳидҳои ҳарбии Артиши миллӣ дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар кадом вазъу шароит қарор доштанд.

Давлат ва Ҳукумати мамлакат бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ барои таъсис додани Қувваҳои Мусаллаҳ ва бо шароити зарурӣ таъмин кардани онҳо тамоми чораҳои имконпазирро амалӣ гардонид, то ин ки Артиши миллӣ, ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба неруи воқеан муосир ва ҳомии истиқлолу озодии давлати тоҷикон, сулҳу оромӣ, амнияти давлату ҷомеа ва зиндагии орому осудаи мардуми тоҷик табдил дода шаванд.

Фазои орому осудаи имрӯзаи мамлакат бо ҷоннисорӣ, ҷасорату диловарӣ ва матонату фидокории фарзандони содиқи Ватан, аз ҷумла аскарону афсарони далеру шуҷоъ ба даст омадааст ва ҳимояи он имрӯз ҳамчун вазифаи масъулиятноку бошараф ба зиммаи шумо вогузор гардидааст.

Бахтиёр Исматҷонов, раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд низ баромад карда, доир ба нақшу эътибор ва салоҳияти имрўза Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ кард. Зикр гардид, ки Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 феврали соли 1993 бо талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи хушку холӣ таъсис ёфта, марҳилаҳои ниҳоят вазнинро тай кард ва имрӯз ба сипари боэътимоди Ватан ва таъминкунандаи амнияти мамлакат мубаддал гаштааст.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ маҳз бо дастгирии бевоситаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи навсозии Артиши миллӣ имрӯз дар тамоми қисму воҳидҳои низомии сохторҳои қудратии мамлакат барои афсарону аскарон пойгоҳҳои ҳозиразамони ҳарбӣ бунёд гардидаанд. Маҳз натиҷаи ҳамин дастгириҳои рӯзафзун аст, ки имрӯз Артиши миллии мо ба неруи тавонои ҳарбӣ табдил ёфтааст.

Муовини командири қисми низомии Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Иброҳим Назарзода барои чунин иқдоми неки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр арзи миннатдорӣ намуд.

Сипас озмуни “Тирандози беҳтарин”, ки бйни сарбозон ва афсарони қисми низомӣ ташкил шуда буд, натиҷагирӣ ва ғолибон қадршиносӣ гаардид.

Барномаи фарҳангӣ табъи ҳозиринро болида намуд.

Аёдатрафтагон ҳамзамон бо шароити хизмати сарбозон аз наздик шинос гардида, бо онҳо суҳбати самимӣ ва озоду ошкоро карданд.