Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва дар асоси нақшаи муштараки шӯъбаҳои кор бо занону ҷавонони кумиҷроия санаи 1-уми октябри соли равон бахшида ба рӯзи «Пиронсолон» дар хонаи пиронсолони шаҳри Хуҷанд чорабинии фарҳангӣ доир карда шуд, ки дар он дастаи ҳунарии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳунарнамоӣ карданданд. Инчунин дар як навбат бо иштироки ҷавонони фаъоли ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» мизи мудаввар дар мавзӯи «Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз…» баргузор карда шуд, ки дар он мудири шӯъбаи кор бо занони кумиҷроияи шаҳрӣ Мукаррама Неъматова суханронӣ намуда, ҷавононро ба корҳои хайру савоб, эҳтиром намудани калонсолон ва дигар амалҳои неки инсонӣ ҳидоят намуд.