Ҷиҳати иҷрои дастури методии Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар бораи омода ва баргузор намудани маъракаи супоридани ҳаққи аъзогӣ корҳои амалӣ бо масъулини кумитаи иҷроияи ибтидоии “Сомон” дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд гузаронида шуд.

Бояд зикр намуд, ки Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Сомон” дар назди кумитаи маҳаллаи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд, ки устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёати Тоҷикистонро сарҷамъ менамояд, яке аз бонуфузтарин кумитаи иҷроияи ибтидоӣ ба ҳисоб рафта, дар раванди иҷрои дастуру супоришҳо фаъолияти густурдода дорад.