Гимназияи №13 макони баргузории вохӯрии интихобкунандагон  ҳудуди ҳавзаи «Дӯстии халқҳо», №24 бо номзадон ба вакилии  вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва маҷлисҳои маҳаллӣ буд.

Хайрулло Нурматов, раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии шаҳри Хуҷанд чорабиниро ифтитоҳ бахшид.

Шаҳсони боэътимоди номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ, номзад ба вакилии Маҷлиси вилоятии Маҷлиси вакилони халқ Илҳомҷон Исобоев ва номзад ба вакилии Маҷлиси шаҳрии Маҷлиси вакилони халқ Ғафуров Иброҳим Раупович аз зиндагинома ва барномаи пешазинтихоботии номзадон назди интихобкунадагон гузориш доданд. Баромадкунандагон зикр намуданд, ки   муҳайё кардани сатҳу сифати арзандаи зиндагии аҳолӣ, фароҳам овардани имкониятҳои баробар ҷиҳати татбиқи неруи инсонӣ дар асоси баробарӣ, адолат ва эҳтиром гузоштан ба шаъну шарафи инсон Барномаи пешазинтихоботии худро таҳти шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!» ҳизб буда, номзадон самтҳои минбаъдаи фаъолиятро дар заминаи он  муайяну мушаххас намудаанд. Зеро ҳадафи ҳизб рисолат ва мазмуну моҳияти барномаи ҲХДТ – рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ободу шукуфон ва аз лиҳози иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ босубот мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки ҳадафҳои Барномавии ҳизб аз фарогирии самтҳои стратетегии давлат, Барномаҳои миёнамӯҳлат ва дарозмӯҳлати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудаанд. Афзалияти бештар дар Барномаи ҳизб ба таҳким бахшидани Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату ягонагӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ, рушди маориф ва илм, фарҳанг ва иттилоот, такмили қонунгузорӣ, таҳкими ҳуқуқу озодиҳои инсон, боло бурдани фарҳанги ҳуқуқи аҳолӣ, сиёсати ҷавонон ва варзиш ва сиёсати хориҷӣ дода шудааст.

Дар фарҷом гуфта шуд, ки барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо моро мебояд, ки собитқадамона меҳнат кунем. Аъзои фаъоли ҷомеа бошем. Мухимтар аз ҳама бетараф набошем.