Санаи 28-уми август дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд маҷлиси навбатии Ситоди «Обуна-2016» баргузор гардид. Раиси Кумиҷроия Наим Маликисломов аъзоёни ситодро бо рафти иҷрои нақшаи обуна шинос намуда, барои иҷрои саривақтии нақшаи обуна мудири бахши дини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Муҳсин Миркамоловро бо Сипосномаи Кумиҷроия сарфароз гардонид. Сипас, аъзоёни Ситод вазифадор карда шуданд, ки иҷрои нақшаи ин маъракаи муҳимро маҳаки асосии фаъолияти худ қарор дода, барои ҳарчӣ тезтар ба анҷом расонидани он кӯшиш ба харҷ диҳанд.