Ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз ва сазовор истиқбол гирифтани 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ дар сар то сари кишвар идома дорад.

Рӯзи шанбе дар ҳамаи кумитаҳои иҷроия  ва ташкилотҳои ибтидоии ҳудуди шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла дар кумиҷроияҳои ибтидоии “Сомон”, “Бобоҷон Ғафуров”, “Осимӣ”, “Истиқлол” ва “Инқилоб” ҳашари умумихалқӣ доир гардида, аъзоёни ҲХДТ дар баробари шаҳрвандони ватандӯсти мамлакат дар тоза намудани муассисаву ташкилот, кӯчаву хиёбонҳо, боғи ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ саҳм гирифтанд. Он рӯз ҷӯйборҳои қади кӯча тоза, қитъаҳои кишт сабзкорӣ ва дарахтони ҳамешасабз шинонида шуда, симои берунаи иншоотҳо рангубор, оинаҳои он тоза карда шуданд. Қобили зикр аст, ки иқдому ташаббусҳои ҳизбиёнро сокинони маҳаллаҳо пайравӣ намуда, дар ободонии манзили зист кӯчаҳои маҳал саъй варзиданд.

Дар маҷмуъ дар ҳашари умумихалқӣ наздики се ҳазор аъзоёни ҳизб дар бунёдкорӣ саҳмгузор шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлили

КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд